Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон баргузории марҳилаи аввали амалиёти зидиинашъаи «Кӯкнор-2009» дар арафаи анҷомёбист.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Восеъ – 19 бех ва мавзеи Роғаки ноҳияи Дарвоз – 113 бех ниҳоли худрӯи бангдонаи ҳиндиро ошкор ва нобуд сохтанд.

            Зикр гардид, ки чанде қабл зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Турсунзода дар замини наздиҳавлигии сокини шаҳраки Пахтаобод Аловуддин Зайдуллоев далели парвариши 57 бех ниҳоли бангдона ошкор шудааст.