Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии Созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Маркази таблиғотиву маърифатии зиддикоррупсионӣ» баргузор мешавад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муасссиси созмони мазкур, ҳуқуқшинос Алиакбар Абдуллоев иттилоъ дод, ба маросими муаррифинома кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, вакилони парлумон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват шудаанд.

            Ба гуфтаи А.Абдуллоев, Маркази таблиғотиву маърифатии зиддикоррупсионӣ - ташкилоти ғайритиҷоратии ҷамъиятӣ буда, дар асоси ихтиёрӣ таъсис дода шудааст. «Ҳадаф аз таъсиси марказ – мусоидат ба ошкор сохтани ҳодисаҳои коррупсионӣ ва сӯиистифода аз мансаб дар сохторҳои давлатӣ ва дигар муассисаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ мебошад», - гуфт ӯ.

            Номбурда афзуд, фаъолияти марказ ҳамчунин ба дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ низ нигаронида хоҳад шуд.