Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони мақомоти милисаи пойтахт ҳудуди 15 кило маводи мухаддирро ошкор ва мусодира карданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дирӯз дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини пойтахт – Ҷумъабек Абдураҳимовро бо ҳудуди 15 кило маводи мухаддири афюн боздошт намуданд. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд», - афзуд манбаъ.

            Ёдрас мекунем, ки дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 300 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор шуда, 1 тоннаву 249 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.