Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар назди Додгоҳи конститутсионӣ шӯрои илмиву машваратӣ таъсис дода мешавад. Ин мақомоти машваратӣ ба таҳияи тавсияҳои илман асоснокшуда оид ба масоили марбут ба фаъолияти пурсамари Додгоҳи конститусионӣ, таҷрибаи истифодаи қонунгузории конститутсионӣ ва рушду такмили ин сохтор машғул хоҳад шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи мазкур иттилоъ доданд, Шӯро бо шумули олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва додрасони пуртаҷриба аз 17 нафар иборат хоҳад буд. «Зимни ошкор сохтани қонуншиканӣ шӯро ба мақомоти дахлдор оид роҳҳои ббартараф ё ислоҳ сохтани он тавсияҳо пешниҳод мекунад», - афзуд манбаъ.