Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯи далели қазияи муноқишаи кормандони милиса бо мудири шӯъбаи қабули беморони Маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ Хуршед Бобокалонови 33-сола, ки боиси марги табиб шуд, парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд.

            Имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов дар робита ба ин масъхала изҳор дошт, ки тафтишот аз рӯи ин парванда муайян хоҳад сохт, ки «то чӣ андоза амали кормандони милиса қоунӣ ё ғайриқонунӣ буд». «Дар бадани фавтида нишонаҳои марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидаанд», - таъкид сохт додситони кулл.

Ёдрас мекунем , ки шоми рӯзи 27- уми июн дар маркази пойтахт миёни мудири шӯъбаи қабули беморони бинои 10- уми Маркази тиббии миллӣ Хуршед Бобокалонов ва кормандони милиса муноқиша рух дод . Тибқи фарзияи расмии ВКД ҶТ , Х . Бобокалонов « дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро халалдор сохта , ба талаботи кормандони милиса аҳамияте надодааст ». « Бо мақсади муайян намудани шахсият ва ҳолати мастии ӯ , кормандони милиса қарор медиҳанд , ки Х . Бобокалоновро ба шӯъба баранд , вале бо сабабҳои номаълум ӯ дар роҳ ба ҳалокат мерасад », - гуфта буданд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ .