Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов тағйироти воридшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти додситонӣ», ки аз ҷониби парлумон моҳи апрели соли ҷорӣ ба тасвиб расида, ба сарвари Агентии зиддифасод ҳуқуқи боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба кормандони мақомоти додситониро дод, «ғайриқонунӣ ва зидии конститусионӣ» арзёбӣ кард. «Тағйироти мазкур мухолифи муқаррароти Конститутсияи кишвар мебошанд», - гуфт ӯ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

            Дар навбати худ собиқ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Шерхон Салимзода гуфт, то кунун агентӣ танҳо ба тафтиши чунин парвандаҳо ҳуқуқ дошт ва боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба кормандони мақомоти додситониро танҳо додситони кулл соҳиб буд.

            Намояндаи мардумӣ Абдуманнон Холиқов таъкид сохт, ки тағйироти воридшуда ба қонуни дахлдори кишвар ба тақвияти минбаъдаи мубориза бо коррупсия дар мақомоти додситонӣ мусоидат хоҳад кард.