Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Додситонии кулли ҶТ ба қарори Додгоҳи Олӣ нисбат ба парвандаи ҷиноии 31 нафар ҳаммаслакони собиқ намояндаи мардумии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, тоҷир ва сарвари корхонаи кимиёи шаҳри Исфра Низомхон Ҷӯраев, ки ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардиданд, эътироз кард.

            Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ додситони кулли ҶТ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки агар қарори додгоҳ таҷдид назар нагардад, Додситонии кулл ҳуқуқ дорад нисбат ба додраси дар мурофиа раисикунанда парвандаи ҷиноӣ боз намояд.

            Додситони кулли ҷумҳурӣ гуфт, бори нахуст дар таҷрибаи кориаш бо чунин қонуншиканӣ рӯбарӯ мешавад, зеро ҳангоми баргузории тафтишоти пешакӣ моддаҳои гунаҳкорӣ оид ба созмон додани гурӯҳи ҷиноятпеша сарфи назар карда шудаанд, ҳарчанд чунин модда дар ҳукми айбдоркунӣ мавҷуд аст ва ин гувоҳи он аст, ки додрас корҳои тафтишотии мазкурро ба эътибор нагирифтааст. «Танҳо барои хароҷоти сафарҳои кории марбут ба тафтиши ин парванда, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, 100 ҳазор сомонӣ маблағи буҷа масраф гардидааст ва дар ниҳояти кор мо чиро мебинем?», - гуфт ӯ.

            Б.Бобохонов дар маҷмӯъ, ҳукми додгоҳро нисбат ба ҳаммаслакони Низомхон Ҷӯраев «беадолатона ва ғайриқонунӣ» арзёбӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон мурофиаи парвандаи 33 нафар гурӯҳи Низом Ҷӯраевро анҷом дод ва 2 нафарро аз толори мурофиа озод ва 31 нафарро ба мӯҳлатҳои аз 10 то 25 сол равонаи зиндон кард.

Ду бародари Низомхон Ҷӯраев – собиқ узви маҷлиси вакилони вилояти Суғд -- Фахриддин ва Толиб Ҷӯраевҳо бо ҳукми Додгоҳи Олӣ яке ба 25 ва дувумӣ ба 21 сол, ду вакили собиқи Маҷлиси шаҳри Исфара -- Содирхон Убайдуллоев ва Илёсхон Абдуллоҷонов ба 19 ва 10 соли ҳабс маҳкум шуданд.

Додгоҳи Олӣ танҳо ду корманди собиқи корхонаи кимиёи Исфараро, ки ба ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор мешуданд, бегуноҳ баровард ва аз толори муҳокима озод намуд.

Худи ҳамон рӯз хешону пайвандони маҳкумшудагон ба таври ошкоро ба кормандони додгоҳ аз ҳукми ноодилона ва мӯҳлатҳои зиёди аз озодӣ маҳрум намудани аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи Низом Ҷӯраев изҳори норозигӣ карда буданд. Ҳатто овозаҳое ҳам пайдо шуда буданд, ки хешовандони маҳкумшудагон дар назди бинои додгоҳ гирдиҳамоии эътирозӣ барпо месозанд.

Дар таърихи 4-уми июли соли 2007 додситонии вилояти Суғд собиқ вакили маҷлиси вилоят, тоҷир, директори корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низом Ҷӯраевро таҳти пайгарди қонунӣ эълом кард. Н.Ҷӯраев дар азхудкунии воситаҳои давлат ба миқдори ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад. Ӯ то ҳанӯз боздошт нашудааст.