Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти Тоҷикистон боз як амалиёти муваффақона анҷом доданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, рӯзи 4-уми июл кормандони агентӣ зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Душанбе шаҳрванди 46-солаи ҷумҳуриро боздошт намуда, зимни кофтуков аз ӯ ҳудуди 4 кило маводи мухаддири сахттаъсири ҳероинро дарёфт ва мусодира карданд. «Тибқи иттилои расидаи фаврӣ ба агентӣ, мо огаҳӣ ёфтем, ки ин шаҳрванд миқдори зиёди маводи мухаддирро барои интиқол ба Русия омода сохтааст», - гуфтанд дар агентӣ.

            Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрванди дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққати агентӣ нигоҳ дошта шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.