Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини аввали додситони кулли ҶТ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сарвари ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоев идома дорад.

            Ба гуфтаи А.Додобоев, собиқ сарвари ширкат Ҳ.Тиллоев, ки аз моҳи январи соли 2006 то моҳи нобяри соли 2008 ба ҳайси сарвари ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ифои вазифа намудааст, ба сӯиистифода аз мансаб ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. «Ӯ бо замонати қаламрави ҷумҳуриро тарк накардан аз боздоштгоҳи муваққатӣ ҷавоб дода шуд», - гуфт вай.

            Ёдрас мекунем, ки нисбат ба собиқ сарвари КВДҲ «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоев нимаи моҳи июни соли ҷорӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, рӯзи 17-уми июн ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда буд.