Душанбе. 8-уми июл - Охирин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Гуантанамо намехоҳад, ба ватанаш интиқол дода шавад.

Дар ҳоле ки ҳукумати президент Обама мехоҳад, боздоштгоҳи Гуантанаморо холӣ кунад ва бибанданд, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар ин маҳбас боқӣ бимонад ва ба Тоҷикистон фиристода нашавад.

Умар Абдуллоев яке аз аввалин маҳбусони Гуантанамо мебошад ва мегӯяд, омодааст, боз ҳафт соли дигар дар ин боздоштгоҳ бимонад, аммо ба Тоҷикистон барнагардад.

Вакили ҳуқуқии Умар, Метю Оҳара мегӯяд, Абдуллоев низ монанди дигар маҳбусон иштибоҳан боздошт шудааст, аммо ба тарҳи ҳукумати президент Обама, ки мехоҳад, маҳбусонро ба ватанашон баргардонад, мухолиф аст.

Абдуллоев дар синни 13-солагӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ватанаш ба Афғонистон фирор кард ва дар ин ҷо аз тарафи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида боздошт шудааст.

Вай охирин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Гуантанамост. 11 нафари дигар, ки ин ҷо буданд, ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд ва чанде аз онҳо дар ватанашон барои мӯҳлатҳои дароз аз озодӣ маҳрум гаштанд. Бархи дигар аз онҳо такроран Тоҷикистонро тарк кардаанд. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.