Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни нишасти хабарӣ сарвари Агентии «Тоҷикгостандарт» Давлаталӣ Ҳотамов изҳор дошт, ки раванди воридоти маҳсулоти пастсифат ба Тоҷикистон тамоили афзоишро касб кардааст.

            Д.Ҳотамов мегӯяд, аз рӯи санҷишҳои гузаронидашуда дар озмошгоҳҳои агентӣ ошкор шудааст, ки аз ҳаҷми умумии равғани рустании дар соли 2009 воридшуда, 11 дарсадаш ба меъёрҳо ҷавобгӯ нестанд. «Ҳамчунин ошкор шуд, ки 4 дарсади маҳсулоти ширӣ, 9,2 дарсади маҳсули қаннодӣ, 8,3 дарсади маҳсулоти гӯштӣ, 16 дарсади маҳсулоти тамоку, 21 дарсади нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва 38,2 дарсади машруботи воридшуда пастсифатанд», - гуфт ӯ.

            Ба қавли Д.Ҳотамов, баъзе соҳибкорон аз маҳдуд шудани санҷишҳои мақомоти назоратӣ истифода карда, истеҳол ва фурӯши маҳсулоти пастсифат, бидуни мӯҳр ва бо истифодаи ғилофакҳои қалбакиро зиёд кардаанд. «Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи нозирон 1206 санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор гузаронида шуда, дар ин давра 313 партияи маҳсулот бо сабаби ғайристандартӣ буданашон ва 62 партияи маҳсулот бо сабаби надоштани сертификати мутобиқат аз фурӯш боздошта шуданд», - афзуд сарвари агентӣ.