Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти сарвари агентӣ Рустам Назаров бо намояндагони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Котиботи кулли Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо доир гардид.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ иттилоъ доданд, ҳайати мазкур ба агентӣ баҳри омӯзиши вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Сегонаи ИА ва Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир ва шиносоӣ бо вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон ташриф оварданд.

            Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳайати мазкур оид ба вазъи назорат ва мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, чораҳои пешгирифтаи ҳукумат дар ин самт, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҷода ва дастгирии молиявии созмонҳои байнулмилалӣ дар масоили пешгирӣ ва коҳиши талабот ба нашъа маълумоти муфассал пешниҳод гардид. «Дар фарҷоми боздид меҳмонон бо фаъолияти чанде аз воҳидҳои сохтории агентӣ аз наздик ошно гардиданд», - афзуд манбаъ.