Хуҷанд. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Директори шӯъбаи «Бонки Эсхата» дар шаҳри Чкаловск Зулфиқор Азизов шитобкорона қаламрави ҷумҳуриро тарк карда, тавассути ҳавопаймо ба Русия рафт.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чанде аз соҳибкорони дорои нуқтаҳои мубодилаи асъор изҳор доштанд, ки З.Азизов аз онҳо маблағи зиёде қарздор шудааст.

Дар шарҳи қазияи мазкур раиси раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» Хуршед Носиров ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки роҳбари шӯъбаи бонк Зулфиқор Азизов рӯзи 13-уми июл аз кор сабукдӯш шудааст. «Тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ бидуни назардошти ҳуҷҷатгузории бонкӣ, бо амалиёти асъорӣ сарукор доштааст ва акнун дар дасти соҳибкорон танҳо баёнотҳои дар варақи оддӣ бо даст навишати ӯ боқӣ мондаанд», - гуфт ӯ.

Ба қавли Х.Носиров, бо ин варақаҳои баёнот соҳибкорон ҳуқуқ надоранд, ки баргардонидани маблағҳои худро талаб намоянд. «Ин муносибати шахсии соҳибкорон ва директори шӯъаби бонк буда, ба худи бонк ҳеҷ дахле надорад ва дар фаъолияти худи шӯъба, тибқи аснод ҳеҷ қонуншикание ба мушоҳида нарасида, маблағҳои саҳмгузорони расмӣ дар ҷояш маҳфуз аст», - афзуд номбурда.