Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Нисбат ба аъмоли ду корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Зимни як нишасти матуботӣ директори агентии мазкур Фаттоҳ Саидов изҳор дошт, ки онҳо ба ришваситонӣ гумонбар дониста мешаванд. «Гумонбаршудагон – сардори шӯъбаи тафтишоти Раёсати зиддифасоди пойтахт ва муфаттиши ин шӯъба ба ҳабс гирифта шуданд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Ф.Саидов, тафтишоти пешакӣ ошкор сохтааст, ки моҳи май онҳо ба гумони даст доштан дар ҷинояти коррупсионӣ корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро боздошт намуда, аз ӯ барои ба дигар моддаи Кодекси ҷиноӣ гузаронидан ва бо ин роҳ кам кардани мӯҳлати ҷазояш 15 ҳазор доллари ИМА талаб мекунанд. «Корҳои тафтишотӣ оид ба парвандаи ҷиноии мазкур идома доранд», - афзуд ӯ.