Хуҷанд. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар хориҷи кишвар 27 нафар сокинони вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд, ки се нафар   онҳо занон мебошанд.

            Имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ сардори Раёсати назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд Файзулло Абдуллоев изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ, аз онҳо 66 килову 266 грамм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 42 килову 985 грамми он маводи сахттаъсири ҳероин аст. «Дар қаламрави Русия – 20, Ӯзбакистон – 4 ва се нафари боқимонда дар Қирғизистон дастгир шудаанд», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи Ф.Абдуллоев, дар ҳамин давраи соли гузашта дар қаламрави кишварҳои дигар ба ин иттиҳом 11 нафар шаҳрвандони вилоят боздошт гардида, аз онҳо 9 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.