Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 18-уми июли соли ҷорӣ кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ВМКБ зимни убури марз шаҳрванди Афғонистонро бо маводи мухаддир боздошт карданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар наздикии деҳаи Наводак, дар соҳили рӯдхонаи Панҷ шаҳрванди Афғонистон Искандар валади Шозиё боздошт гардида, ҳангоми азаназаргузаронии қаиқи худсохти ӯ 18 килову 400 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

«Феълан шаҳрванди боздоштшудаи кишвари ҳамсоя дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ шуда, ҷиҳати муайян сохтани шахсони дигаре, ки ба ин кор даст доранд, чораҳои фавриву ҷустуҷӯи андешида мешаванд», - афзуд сарчашма.