Қӯрғонтеппа. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони хадамоти гумруки посгоҳи Панҷи Поёни вилояти Хатлон қочоқи тангаҳои кӯҳнаи аҳамияти таърихӣ доштаро, ки мутаалиқ ба асри 2-3-и то замони мо мебошанд, пешгирӣ карданд.  

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Раёсати гумруки вилоят Олим Шарипов иттилоъ дод, дар посгоҳ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зокир Саид Маҳмад боздошт шудааст. «Номбурда ният дошт, 7 тангаро аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол диҳад, ки чор танга аз шумораи умумии тангаҳо аҳамияти фарҳангӣ дошта, ба асрҳои 2-4 пеш аз мелод ва 3 мелодӣ мансуб буданд», - гуфт манбаъ.

            Ба гуфтаи Шарипов, ҳамаи тангаҳо мусодира шуда, нисбат ба аъмоли шаҳрванди Афғонистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.