Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ вазири адлияи ҶТ Бахтиёр Худоёров изҳор дошт, ки айни замон дар муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон тақрибан 8 ҳазор нафар маҳбусон ба сар мебаранд, вале шумораи дақиқи онҳоро муайян намудан душвор аст, зеро ҳамарӯза он тағйир мепазирад.

            Б.Худоёров аз ифшои шумораи зиндониёни ба ҳабси абадӣ маҳкумгардида худдорӣ варзида, танҳо зикр кард, ки «шумораи онҳо на он қадр зиёд аст». «Мақомоти таъмини иҷрои ҷазо дорои низоми махсусанд ва аз ин рӯ, иттилооти марбут ба ин муассисаҳо низ хусусияти вижа доранду дар ҳолатҳои махсус пешниҳод мегарданд», - гуфт ӯ.

            Вазири адлия афзуд, феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ 15 маҳбасхона ва 7 боздоштгоҳи муваққатии давраи тафтишотӣ амал мекунанд.