Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯи далели марги табиби маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ Хуршед Бобокалонов тибқи моддаи «аз рӯи беэҳтиётӣ ба қатл расонидан, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон содир шудааст», парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

            Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки агар гуноҳи кормандони милиса, ки дар ин муноқиша иштирок доштанд, исбот карда шавад, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

            Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 27-уми июн дар маркази пойтахт миёни мудири шӯъбаи қабули беморони бинои 10-уми Маркази тиббии миллӣ Хуршед Бобокалонов ва кормандони милиса муноқиша рух дод. Тибқи фарзияи расмии ВКД ҶТ, Х.Бобокалонов «дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро халалдор сохта, ба талаботи кормандони милиса аҳамияте надодааст». «Бо мақсади муайян намудани шахсият ва ҳолати мастии ӯ, кормандони милиса қарор медиҳанд, ки Х.Бобокалоновро ба шӯъба баранд, вале бо сабабҳои номаълум ӯ дар роҳ ба ҳалокат мерасад», - гуфта буданд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.