Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир сокини ноҳияи Ҳисор боздошт гардид.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, зимни тафтиши ҳуҷҷатҳо ва азназаргузаронии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав сокини ноҳияи Ҳисор Гулбибӣ Иброҳимова боздошт гардида, пас аз муоинаи тиббӣ дар дохили меъдаи ӯ 4 контейнери дорои 408 грамм ҳероин ошкор гардидааст.

            Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.