Душанбе. 23-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи ним сол дар Тоҷикистон 341 нафар бедарак шуданд, ки айни замон макони зисти тақрибан нисфашон муайян шудааст ва бо назардошти шахсони қаблан бедаракшуда, шумори онҳо имрӯз ба 312 нафар баробар аст.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, танҳо шабонарӯзи гузашта аз шаҳрвандон якчанд ариза оид ба бедарак шудани хешовандону наздиконашон ворид шудааст. «Ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷ аз номи шаҳрванд Юсуфова М. дар бораи бедарак шудани дхутари 21-солааш Суҳайло, ки аз хона баромада дигар барнагаштааст, ариза ворид гардид», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар ноҳияиҶиликӯл М.Мустафоеваи 23-сола мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад, ки рӯзи 18-уми июл аз хона баромада, то ҳанӯз барнагаштааст. «Сокини шаҳри Душанбе дар аризаи худ изҳор доштааст, ки духтари 4-солаи ӯ аз хона баромада, бедарак шудааст», - гуфтанд дар ВКД ҶТ.