Хуҷанд. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Додгоҳи низомии шаҳри Хуҷанд сарбози яке аз қисмҳои низомӣ - Умаралӣ Акбаровро ба як соли зиндони тартиботи умумӣ маҳкум кард.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи мазкур иттилоъ доданд, У.Акбаров моҳи ноябр ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, пас аз як сол аз қисми ҳрабӣ мегурезад. «Моҳи майи соли ҷорӣ пас аз баргаштан аз Русия мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро боздошт мекунанд», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, сарбози гурехта сабаби ба ин амал даст задани худро ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисми ҳарбӣ вобаста кардааст, вале фармондеҳи взводи қисми низомӣ ин гуфтаҳои ӯро рад кардааст.