Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубоориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки собиқ вазири маорифи ҷумҳурӣ бо пешниҳоди агентии мазкур аз мансаб сабукдӯш карда шуд.

Ба гуфтаи вай, соҳаи маориф яке аз бахшҳои фасодзадатарини мамлакат боқӣ монда, соли гузашта дар ин бахш 80 ҷиноёти коррупсионӣ ошкор ва маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,3 млн. сомонӣ барқарор карда шудаанд.

Ф.Саидов таваҷҷуҳи журналистонро ба яке аз далели ошкоршуда дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба Вазорати маориф тобеъ аст, ҷалб намуд. «Дар ҷараёни тафтишот дар ин мактаб ошкор гардид, ки директор ва сармуҳосиб тавассути тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 380 ҳазор сомонӣ маблағҳоро азхуд кардаанд. Онҳо маблағро ба суратҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида, сипас онҳор ба пули нақд табдил  ва азхуд мекардаанд. Яъне пули кӯдакони ятимро азхуд мекарданд», - афзуд Саидов.