Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мошини тамғаи “Дэу Нексия”, ки аз ҷониби сокини 33-солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон идора мешуд, 4 кило героин ва ҳашиш мусодира намуданд.

Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, амалиёти мазкур дар доираи чорабиниҳои “Кӯкнор-2012” дар қаламрави ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози ВМКБ роҳандозӣ шуд ва ҳамроҳ бо ронанда мусофири он, сокини 26-солаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ, ки феълан дар шаҳри Душанбе зиндагонӣ мекард, боздошт гардид.

Тафтишоти аввалия собит кардааст, ки ронанда қаблан дар Русия бо моддаи 228 Кодекси ҷиноятии ин кишвар барои дарёфт, нигаҳдорӣ, интиқоли воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ суд шуда будааст.

Мухаддиротро саги хидматии “Рики” дар дохили чархи эҳтиётии мошин кашф кардааст ва баъди кушодани он аз дохили чарх 7 баста маводи сабзранг ва 1 халтаи селофанӣ маводи хокамонанди рангаш рушани дорои бӯи махсус берун оварда шудааст. Лабораторияи ташхиси судӣ тайид кардааст, ки маводи мусодирашуда ҳашиш ва героин буда, вазни умумии онҳо 4 килоро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва дастгиршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии Агентӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Дар айни замон барои шиносоӣ ва боздошт намудани шахсони дигаре, ки ба ин амал даст доранд, чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.