Зимни як амалиёти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат ду нафаро бо 1 кило героин боздошт шуданд, ки яке аз онҳо пештар ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, ин ду тан дар ҷараёни фурӯши маводи мухаддир боздошт шуданд ва тафтишот муайян кардааст, ки яке аз ин шахсони боздоштшуда ду маротиба бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар Русияву Тоҷикистон дастгир ва баъди адои муҳлати ҷазо ба озодӣ баромадааст.

«Аз рӯи ҳодисаи ошкоршуда ҳоло парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида ва гумонбарон дар тафқифгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд», - гуфтанд дар АНМН.

Зимнан зикр гардид, ки барои фош сохтани сарчашмаҳои дарёфти ин маводи мухаддир ва шахсони дигари алоқаманд ба ин амал чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.