Шабонарӯзи гузашта кормандони Кумитаи давлатии амнияти милллии ҷумҳурӣ аз ду ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамоати Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ ду нафар шаҳрвандони кишвар бо 16,5 кило ҳашиш ва 1 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис боздошт шудаанд, ки яке аз боздоштшудагон барои содир намудани чунин ҷиноят соли 2008 маҳкум гардида, чанде қабл мавриди афв қарор гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ ҳангоми убури марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон кормандони кумита се нафар ҷавононро, ки ду нафарашон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошанд, бо 150 грамм героин дастгир намудаанд.

Тибқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 5 тоннаву 455 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1 тоннаву 530 кило зиёдтар мебошад.

Аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда 483 килояшро героин, 598 килояшро афюн ва беш аз 4 тоннаву 370 килояшро маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.