Ҳафтаи равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳудуди 64 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.

Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, санаи 6-уми декабр дар оташдонҳои махсуси Раёсати АНМН дар вилояти Суғд бо иштироки бевоситаи комиссияи махсус ва намояндагони ВАО ҳудуди 64 кило маводи мухаддир, аз ҷумла наздики 10 кило героин, беш аз 12 кило афюн ва ҳамчунин зиёда аз 40 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида шуд.

«Ин миқдор маводи мухаддири мусодирашуда дар асоси 18 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд содир шуда, мавриди амал қарор гирифтанд, нобуд карда шуд», - гуфтанд дар Агентӣ.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози соли равон дар оташдонҳои Раёсати АНМН дар вилояти Суғд 173,5 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.