Собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, соҳибкор Низомхон Ҷӯраев ва адвокати ӯ Файзинисо Воҳидова конститутсионӣ будани муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар бораи преюдитсияро нисбати мухолифат доштанашон ба чанде аз моддаҳои Қонуни асосии кишвар зери суол мегузоранд.

Ба қавли Ф.Воҳидова, онҳо бо чунин дархост ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, дар Суди конститутсионӣ онро қабул кардаанд. «Таҷрибаи ҳуқуқиву судӣ гувоҳи онанд, ки дар амалияи ҳуқуқии Тоҷикистон преюдитсия васеъ истифода гардида, садҳо ва ҳатто ҳазорон нафари ғайриқонунӣ маҳкумшуда бинбар сабаби номутобиқатии қонунгузории мурофиавӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд», - гуфт ӯ.

Ф.Воҳидова мегӯяд, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ айбдоршаванда Н.Ҷӯраев дар бораи таъини ташхиси комплескии судӣ ҷиҳати муайян кардани маблағи воқеии зарар аз рӯйи парванда дархост пешниҳод карда, дар бораи бегуноҳии худ низ як қатор далелҳо овард.

«Аз ҷониби муфаттиш ин дархост қонеъ гардида, аммо сарфи назар аз он замон аллакай мавҷуд будани хулосаи ин ташхис, баъди зиёда аз 2 моҳ Прокуратураи генералӣ ин қарори муфаттишро бекор кард. Ғайр аз ин, дар санҷиши молиявии такрорӣ муайян шуд, ки маблағи воқеии зарар даҳҳо маротиба аз маблағи эълоншуда камтар аст, на 40 млн. сомонӣ, балки 1 млн. 700 ҳазор сомонӣ мебошад», - изҳор кард адвокат.

Номбурда иброз дошт, ки дар ҳамин ҳол, Н.Ҷӯраев аллакай 10 млн. сомонӣ пешпардохт намудааст ва ин маънои онро дорад, ки беш аз 30 нафари аз ҷониби Суди Олии ҶТ аз рӯйи ин парванда маҳкумшуда бояд бегуноҳ эътироф карда шаванд.

«Гузашта аз ин, ҳолатҳои нав қонунӣ ва асоснок будани ҳукми ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олии ҶТ-ро зери шубҳа мегузоранд, ки дарҳол бекор ва озод кардани маҳкумшудагонро зарур медонад», - афзуд Воҳидова.

Ёдрас мекунем, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Н.Ҷӯраев соли 2007 оғоз гардид. Худи ӯ он замон аз кишвар фирор намуда, таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт, аммо соли 2009 беш аз 30 нафар ҷонибдорони ӯ ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд. Яке аз адвокатҳо оид ба ин парванда Солиҷон Ҷӯраев он замон як сабти аудиоиро пешкаш намуда буд. Дар ин сабт судяи Суди Олӣ Н.Нуров изҳор дошта буд, ки ӯро барои содир намудани чунин ҳукми вазнин нисбат ба ин 33 нафар раиси Суди олӣ маҷбур кардааст. Ҳамчунин адвокат гуфта буд, ки парвандаи ҷиноии мазкур сохта буда, хусусияти фармоишӣ дорад.

Пас аз ногаҳон пайдо шудани Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон, Агентии зиддифасод айбномаҳои ба ӯ пешниҳодшударо дубора мавриди баррасӣ қарор дода, парвандаи ӯро ба суд танҳо бо се моддаи иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки зарари онро ӯ аллакай ҷуброн кардааст. Дар баробари ин ҳабси як зумра шахсони мансабдор оғоз гардид, ки ба даст доштан дар қаллобӣ ё ришваситонӣ дар робита ба ин парванда гумонбар дониста мешаванд.