Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 29 шаҳрванди Афғонистонро бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон ҷарима кардааст.
Аз маркази матбуоти ВКД бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, онҳоро ҷарима карданд, вале иҷборан аз Тоҷикистон ба ватанашон ихроҷ накардаанд.
“Нисбати қоидавайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ кардем. Онҳо вобаста ба кирдори хеш ҷаримабандӣ мешаванд ва ҳаҷми ҷарима низ ба кирдори онҳо вобаста аст”, - гуфтанд аз ВКД.
Аз ин ниҳод гуфтанд, соли равон аз ҷониби онҳо ягон ҳолати иҷборан аз Тоҷикистон баровардани шаҳрвандони Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст ва хабарҳои ихроҷи иҷбории афғонистониҳо ба ВКД рабте надорад.
Ҷаримабандии 29 шаҳрванди Афғонистон дар ҳолест, ки чанде пештар расонаҳо, аз ҷумла Радиои Озодӣ аз ихроҷи иҷбории тақрибан 200 шаҳрванди Афғонистон, ки баъди ба сари қудрат омадани Толибон барои наҷоти ҷонашон ба Тоҷикистон омадаанд, хабар дода буданд.
Баъзе аз муҳоҷирони афғонистонӣ гуфта буданд, ки онҳоро аз кӯчаву хонаҳояшон боздошт карда, ба марз мебаранд.
Намояндагии Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон низ дар як изҳороти хеш дар робита ба ихроҷи маҷбурии шаҳрвандони Афғонистон ба кишварашон нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хоста буд, ки афғонистониҳоро ба ватанашон ихроҷ накунанд.
Дар Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз тарси Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Ин гуруҳи тундрав як сол боз дар Афғонистон ҳукумат мекунад ва ба нақзи ҳуқуқи одамон, ба вижа занону духтарон, муттаҳам аст.
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Кулли ахбор