Ҷамолиддин Расулов, роҳбари шикати “Ҷамол - 2012” аз сӯйи Додгоҳи Олӣ барои савдои одамон гунаҳкор дониста шуда, ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда шуд.

Дар ин бора Додситонии кулли кишвар дар сомонаи худ иттилоъ додааст.

Ба навиштаи манбаъ, Ҷамолиддин Расулов бо ваъдаҳои бардурӯғ ҷавонзанҳоро аз рӯйи синну сол ва ҳусни зебо интихоб карда, баъдан бо кӯмаки баъзе аз роҳбарони ширкатҳои хориҷӣ аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки ба Тоҷикистон даъват мекардааст, занҳои интихобшударо “ба корфармоён интиқол додааст”.

Ин нафар давоми солҳои 2021-2022 танҳо ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зиёда аз 122 нафар шаҳрвандонро барои кор фиристодааст, ки аксари онҳо занон мебошанд.

“Мутаассифона, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ ва шартномаҳои басташуда кафилон ва корфармоёни хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро аз истифодаи телефони мобилӣ ва алоқа бо хешу таборон, ҳуқуқи озодона гаштугузор кардан, ҳуқуқи муошират, муроҷиат ба консулҳои дипломатии Тоҷикистон, имконияти ивази ҷои будубош, бозгашт ба ватани хеш ва дигар ҳӯқуқҳои фардии шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд”, - зикр мешавад дар хабари Додситонии кулл.

Гуфта мешавад, ки Ҷамолиддин Расулов дар як вақт директори генералии  ҶДММ “Ҷамол-2012”ва муассиси ҷамъиятҳои “Ҷамил Бухорӣ” ва “Мадади шарқ” кор карда, барои савдои одамон, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда бо моддаҳои 1301 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г,е,ё”, 32 қисми 3-1301 қисми 2 бандҳои “а,б,в,е,ё”, 340 қисми 2 бандҳои “б,в“ ва 3352 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба айбдор дониста шудааст.

Прокуратураи генералӣ ба Ҷамолиддин Расулов оид ба 22 лаҳзаи чунин ҷиноятҳое, ки дар давоми солҳои 2016 то соли 2022 содир кардааст, айб эълон кардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки номи ширкати “Ҷамол-2012” ва роҳбари он Ҷамолиддин Расулов чанд сол пештар, дар пайи шикояти гуруҳе аз занон ба Радиои Озодӣ расонаӣ гардид. Он замон, занҳои шикояткарда иддао карда буданд, ки ин ширкат ва роҳбари он занҳоро ба Арабистони Саудӣ бо баҳонаи кор бурда, мисли ғулом истифода мебаранд. Худи Ҷамолиддин Расулов зимни суҳбат бо ин расона иддаоҳоро рад карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.