Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз кишварҳои Аврупо оғоз гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дируз, 5-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон озими Фаронса шуда, имрӯз бо як зумра аз намояндагони мақомоти раҳбарии ин кишвар гуфтушунид ва дар назди вакилони Парлумони Аврупо суханронӣ хоҳад кард. «Муддати сафари шашрӯза президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз кишварҳои дигари Аврупо - Люксембург, Австрия ва Маҷористон низ боздид хоҳад намуд», - гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоту гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо намояндагони воломақоми ин кишварҳо баррасии масоили ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон, рушди бахши энегетика ва ҳамчунин ҳалли мушкилоти таъмини сулҳу субот дар Афғонистон дар назар аст.
Зикр гардид, ки сарвари давлатро дар ин сафар мушовири давлатӣ дар умури сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, , вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, , вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазир рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста