Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чэн Чжилиро, ки ба сифати намояндаи махсуси раиси Чин Ху Сзинтао ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот М.Убайдуллоев зикр кард, ки «аз замони ба соҳибистиқлолӣ расидан Тоҷикистон ҳамеша ба дастгирии Чин - кишвари ҳамсоя ва шарики мӯътамад такя мекард».

«Чен Чжили ба М.Убайдуллоев табрикоти мақомоти раҳбарии Чин ба муносибати 20-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чинро расонида, зикр кард, ки Чин ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод», - гуфт Ш.Саидов.

Чен Чжили ҳамчунин бо муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев низ мулоқот кард. Бино ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов, дар вохӯрии мазкур масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нимаи аввали имрӯз Чэн Чжилиро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.