Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими Остона) Яан Хейнро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Эстония нусхаҳои Эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид.

Пас аз супоридани Эътимоднома сӯҳбати Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Эстония баргузор гардид. Дар оғози мулоқот Вазир қайд кард, ки таъин намудани Сафири Эстония дар Тоҷикистон нишондиҳандаи хуби сатҳи муносибатҳои кишварҳо буда, ба рушди ояндаи онҳо мусоидат хоҳад намуд. Ба андешаи Вазир, иқтидори калони рушди ҳамкории ду кишварро, ки то ҳол истифода нашудааст, амалӣ намудан зарур аст. Ба сифати самтҳои ҳамкориҳои эҳтимолӣ Вазир ҷорӣ кардани технологияи муосир, бахши бонкӣ, маориф, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайраҳоро номбар намуд.

Дар навбати худ Сафири Эстония миннатдории хешро ба Вазир нисбати пайдо кардани имконияти супоридани нусхаҳои Эътимоднома баён намуда, изҳор дошт, ки таъин шудан ба ҳайси Сафири нахустини Эстония дар Тоҷикистон боиси шарафмандии ӯ мебошад. Сафир ҳамфикрии худро бо мулоҳизаҳои Вазир нисбати рушд додани муносибатҳои дуҷониба баён намуд. Дар ин робита, ӯ нияти худро оид ба танзими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бо ин мақсад ташкил намудани чорабиниҳо бо иштироки намояндагони доираҳои соҳибкорони ду кишвар изҳор кард.

Дар фарҷоми сӯҳбат Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Эстония дар иҷрои ӯҳдадориҳояш комёбиҳо таманно намуд.

Боиси ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония 23 феврали соли 2006 барқарор карда шудаанд.

 Моҳи октябри соли 2011 ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими Остона) Яан Хейн таъин карда шуд.

 13 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Эстония ташриф овард. Дар рафти мулоқотҳо бо Президенти Эстония Тоомас Хендрик Илвес, Сарвазири ин кишвар Андрус Ансип, Раиси Парлумон Энее Иргма ва собиқ Президенти ин ҷумҳурӣ Арнолд Рутел Сарвари давлат масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Эстонияро баррасӣ намуд. Дар маркази диққати ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, ҳамчунин истихроҷ ва коркарди металлҳои ранга ва сангҳои қимматбаҳо буд. Чуноне ки Президенти Эстония қайд намуд: «Тоҷикистон баъди Қазоқистон, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷиҳати табодули мол ҷои дуввумро ишғол мекунад, ки ин ҳам ба шарофати интиқоли алюминий мебошад. Аммо ҳамакнун вақти он расидааст, ки соҳибкорони ду кишвар сари тавсеа додани бахшҳои дигари интиқол андеша кунанд». Дар натиҷаи гуфтушунидҳо роҳбарони ду давлат Эъломия оид ба ҳамкорӣ дар густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эстонияро ба имзо расониданд.

Дар соли 2009 ҷониби Эстония лоиҳаи созишномаи миёни Ҷумҳурии Эстония ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба истирдоди шахсони маҳкумшуда пешниҳод намуд. Дар ҳоли ҳозир он дар баррасии ҷониби Тоҷикистон қарор дорад.

То октябри соли 2011 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Эстония 2,482 млн. долл. ШМА (содирот – 134 ҳазор долл. ШМА, воридот – 2,348 млн. долл. ШМА)-ро ташкил дод.

 Бояд зикр намуд, ки Эстония узви комилҳуқуқи СММ, Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ, САҲА, СУС, Иттиҳоди Аврупо, Минтақаи евро, СААШ (НАТО) ва иштирокчии Созишномаи Шенген мебошад.