Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэтро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуд.

 Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судбахш ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ зоҳир карда шуд.

«Тоҷикистон рушди пайвастаи равобит бо кишварҳои аврупоии назди Балтика, аз ҷумла Эстонияро муҳим мешуморад», - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки мавқеи ҳамсон ва ё наздики Тоҷикистону Эстония оид ба бисёр масоили умдаи сиёсати байналмилалӣ заминаи хуби ҳамгироии ду кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аст.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо назардошти бозори Афғонистон ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Урмас Паэт изҳор дошт, ки Эстония аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад.

 Гуфтугўи судманд доир ба омодагӣ ба Конфронси навбатии РЕККА – Форуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт.

 ҳамчунин доир ба роҳҳои ҳалли қазияи бисёрсолаи Афғонистон ва ба сулҳу созиш ва корҳои созандагӣ раҳнамун намудани нерўҳои манфиатдори ин кишвар табодули назар карда шуд.