Чанде қабл дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ дар СММ Шоҳзода Зайд Раад Зайд ал-Ҳусайн имзо намуданд.

 Пас аз маросими имзо сафирони Тоҷикистону Урдун дар мавриди масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар ва масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СММ мубодилаи афкор доир карданд.

Ҳамчунин дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Буркина Фасо баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Буркина Фасо дар СММ Дер Когда имзо намуданд.

 Пас аз маросими имзо сафирони Тоҷикистону Буркина Фасо дар мавриди масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар ва масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СММ мубодилаи афкор доир карданд.