Рӯзи якшанбе, 5-уми август, сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай оид ба масоили таъмини амнияти марзҳои миёни ҳарду кишвар гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Афганистан.ру» бо такя ба хадамоти матбуотии президенти Афғонистон, дар ҷараёни суҳбат сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон дар бораи таъмини муштараки амнияти марзҳо ва ҳамкории дарозмуҳлат дар соҳаҳои гуногун мувофиқа ҳосил кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июли соли равон ҳукуматдорони Тоҷикистон зимни баргузор намудани амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ марз бо Афғонистонро баста буданд. Ҳамчунин ахири ҳамин моҳ як ҳайати воломақоми мақомоти амнияти Афғонистон аз Тоҷикистон боздид карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВАО-и Афғонистон, чанде қабл президенти Афғонистон Ҳомид Карзай истеъфои вазири мудофиаи кишвар Абдул Раҳим Вардак ва вазири корҳои дохилӣ Бисмиллоҳ Муҳаммадиро пазируфт. Ин истеъфоҳо дар пайи норозигии вазъ дар марз бо Покистон ва қатли як зумра мансабдорони воломақом қабул шудааст.