Барномаи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон субҳи имрӯз бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди қасри Оғузхони президенти Туркманистон оғоз ёфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз анҷоми мароими расмии истиқболи президенти Тоҷикистон мулоқоти «як ба як»-и сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомлӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор шуд, ки дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардид.

Ба иттилои манбаъ, изҳори боварӣ карда шуд, ки ин сафар ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ ба имзо расидани як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.