Гуфтушуниди Тоҷикистону Русия дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки дирӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт оғоз гардида буд, имрӯз дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ идома меёбад.

Ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунид вазири адлия Рустам Менглиев ва Русияро муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов, ки чанде қабл ба Душанбе ташриф оварда буд, сарварӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ин гуфтушунидҳо пушти дарҳои пӯшида ҷараён дошта, тибқи маълумоти пешакӣ, бояд то нимаи имрӯз анҷом ёбанд.

«Ҷонибҳо варианти ниҳоии созишнома дар бораи ҳузури минбаъдаи пойгоҳро, ки пас аз гуфтушунидҳои чандинкарата омода гардид, баррасӣ доранд», - зикр кард манбаъ.

Манбаъ аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҷузъиёти дигари гуфтушунидҳо худдорӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба як манбаъи наздик ба намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки Русия ният дорад, зимни сафари сарвари давлати Русия Владимир Путин ба Душанбе аввалҳои моҳи октябр шартномаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ҳал намояд.

Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа Русия ба Тоҷикистон имзои шартнома ба муҳлати 10 солро пешниҳод хоҳад кард.

Аввали моҳи август муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар робита ба масъалаи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон Анатолий Антонов изҳор карда буд, ки гуфтушунид дар ин хусус муваффақона ҷараён дошта, ояндаи наздик матни созишнома омода мегардад, ки ба таъмини амнияти Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст.

«Дар масъалаи мувофиқаи санади умумӣ мо ба комёбиҳои назаррас муваффақ шудем, зеро ҳалли ин масъала ба таъмини амнияти ҳам Русияву ҳам Тоҷикистон рабт гирифта, пойгоҳи низомии мо як таркиби зербинои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ аст», - гуфта буд вай.

Номбурда ҳамчунин иброз дошта буд, ки дар гуфтушунидҳо масъалаи нархи ҳузури пойгоҳи низомӣ матраҳ нашудааст. «Масъалаи пардохти маблағ барои ҳузури пойгоҳи низомӣ на дар мулоқот бо президенту на дар Вазорати мудофиа ва корҳои хориҷӣ умуман баррасӣ нагардид. Гуфтушунид савдо набуда, кӯшиши ҳалли мушкилот бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад», - таъкид карда буд А.Антонов.