Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо вакили конгресс Ҷозеф Питтз барпо гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ба муносибати ёдбуди 11-умин солгарди қурбониёни фоҷиаи террористӣ дар шаҳри Ню-Йорк, ки соли 2001 рух дод, сафир аз номи роҳбарият ва ҳукумати кишвар ба Ҷозеф Питтз изҳори ҳамдардӣ кард. Таъкид гардид, ки баъд аз ин ҳодиса Тоҷикистон ва ИМА бо азму иродаи қавӣ тасмим гирифтанд, ки дар амри муборизаи оштинопазир бар зидди терроризми байналмилалӣ ва зуҳуроти он дар паҳлӯи ҳамдигар биистанд ва дар ин самт ҳамкории зич ва шариконаро ба роҳ монанд. Ӯ Ҷозеф Питтзро оид ба иқдомҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти минтақавӣ ва эҳёи Афғонистон, ҳамкории кишвар бо ИМА дар самтҳои мухталиф, аз он ҷумла татбиқи пружаҳои энергетикӣ, сохтмони роҳҳои транзитӣ ва пулҳо, демократикунонӣ, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ ва ғайра шинос кард.

 Ҷозеф Питтз дар навбати худ таъкид кард, ки ШМА саъю талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ ва кӯмак ба Афғонистон дастгирӣ менамояд ва доимо ҷонибдори рушди муносибатҳои шарикона ва гуногунҷанбаи дуҷониба бо Тоҷикистон мебошад.