Чанде қабл вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насрединов бо Мудири кулли Шӯъбаи СММ дар Вена, Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят Юрий Федотов ба мақсади супоридани эътимоднома баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғози сӯҳбат ҷаноби Юрий Федотов Намояндаи доимии Тоҷикистонро ба муносибати супоридани эътимодномаҳо табрик гуфта, дар фаъолияти ӯ муваффақият орзу намуд. Сипас ҳамсӯҳбатҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят мубодилаи афкор намуданд.

Аз нигоҳи Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят, Тоҷикистон шарики стратегӣ буда, ҳамкориҳо дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва истеъмоли он бояд давом дода шаванд.

Вобаста ба ин, Намояндаи доимӣ қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои заруриро барои пешгирии интиқоли маводи мухаддир аз қаламрави ҷумҳурӣ дида истодааст. Ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик дар соҳаи мустаҳкам намудани сарҳад ва пешгирии қочоқи маводи нашъаовар васеъ мегарданд.

Дар робита ба ин, изҳори умедворӣ карда шуд, ки татбиқи лоиҳа ва барномаҳои Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят дар Тоҷикистон ва минтақа ба натиҷаҳои назаррас оварда мерасонад.