Инак, итизор меравад, ки сафари президент Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фардо, 18 сентябр, огоз меёбад. Тасодуфӣ нест, ки ҳоло на танҳо қисмати бештари барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизион, балки барномаҳои дигари онҳоро низ маҳз мавзӯи ВМКБ ташкил медиҳад - хабарҳо дар бораи хоҷагиҳои пешқадами деҳқонӣ, ярмаркаи маҳсулот, омодагиҳо ба ҷашнҳои дарпешистода…

Хулоса ҳамаи мавзӯъҳое оғоз мекунанд, ки «бӯи Бадахшон» доранд. Дар ҳоле, ки чанде пештар мардум шикоят мекарданд: «Тамоми ҷаҳон дар бораи ҳаводиси Хоруғ ҳарф мезананду расонаҳои хабарии давлатии Тоҷикистон, хоса шабакаҳои телевизионӣ хомӯширо ихтиёр намудаанд».

Як қатор масъулини баландпояи ҳукумат, мисли раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов низ феълан дар Бадахшон қарор доранд ва дар байни мардум, хоса ҷавонон «корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд». Хулоса, гӯё ҳоло ҳамаи масъалаҳо дар Тоҷикистон ба як нуқта мутамарказ шудаанд: ВМКБ!

Тибқи хабарҳо, объектҳои зиёде интизор доранд, ки ба фаъолият шурӯъ карданашонро маҳз сафари президент бояд расмӣ кунонад. Вале, ба назар мерасад, ки ин дафъа аз ифтитоҳи корхонаву иншоот дида, Президенти Тоҷикистон дар Бадахшон масоили дигари муҳимтар дорад.

Ба ҳар сурат, пас аз ҳаводиси пурсару садои Хоруғ дар чанд моҳи ахир ҷаноби Раҳмон бори аввал аст, ки ба ин минтақа хоҳад рафт. Сухан дар бораи амалиёте меравад, ки ба гуфтаи муаррихон дар 120 соли ахир дар Бадахшон собиқа надоштааст. Яъне маҳз ҳамин миқдори вақт дар ин минтақаи худмухтори Тоҷикистон ягон амалиёти низомӣ сурат нагирифтааст. Ҳукумати феълӣ дар ибтидои ба сари қудрат омаданаш низ лозим надонист ба Фронти халқӣ иҷозат бидиҳад, ки «байрақро дар Боми ҷаҳон насб кунад». Ҳарчанд, ба гуфтаи шоҳидон, дар он шабу рӯз қумандонҳои зиёде, ки ҳарфашон аз ҳукумат баландтар буд, мехостанд пас аз манотиқи дигари «саркаш» Бадахшонро низ ба худ моил кунанд. Аммо раҳбарияти мамлакат, хоса Эмомалӣ Раҳмон бо имконоти маҳдуди худ дар он замон тавонистанд аз ин иқдомҳо пешгирӣ намоянд. Вале пас аз ҳодисаи куштори генерали амният Абдулло Назаров дар таърихи 21-уми июл, нерӯҳои низомии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июл ба амалиёте оғоз намуданд, ки то имрӯз сару садои зиёдеро ба бор овардааст. Муаммои ба кӣ марбут будани оғози ин амалиёт пас аз мусоҳибаҳои ахири вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев посухи худро ёфт. Вазири мудофиа гуфт ин амалиёт бо супориши ӯ шурӯъ шудааст. Посухи суоли дигар: «Чаро ин амалиётро вазорати мудофиа шурӯъ кард, на ВКД ё КАМ?» то ҳанӯз рӯшан нест.

Наҳваи баргузории амалиёт ва шумори дақиқи кушташудагон то ҳанӯз мавриди баҳсҳост. Гурӯҳи бистнафараи таҳқиқи ин ҳодиса, ки ҳамон шабу рӯз ташкил шуда буд, ҳоло дар расонаҳои хабарӣ ному насаб ва шумораи одамонеро интишор кардааст, ки бо манбаъҳои расмӣ дар ин бора мухолифат доранд.

Сухани дигари вазири мудофиаи Тоҷикистон дар бораи «ночиз» будани раъйи мардуми Бадахшон ба Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии президентӣ низ сару садои сангинеро ба дунбол дошт. Баъзе аз нерӯҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҲУСДТ бо пахши як изҳорот гуфта буданд, ки ба ин суханон баҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дода шавад. Кушта шудани раиси созмони ҲНИТ дар ВМКБ ва боздошти раиси созмони ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ ва то ҳанӯз бо адвокат сӯҳбат надоштанаш, баҳсҳоро то ҳанӯз гарм нигоҳ медоранд. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ.

Қатъ кардани фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва масдуд намудани бархе аз сомонаҳои интернетӣ пас аз амалиёти Хоруғ то ҳанӯз посухи ҷиддии худро нагирифтаанд. Ба ҳар сурат, «тири задаи як мансабдори ваҳдатӣ»-ро бояд ба қатори шӯхиҳои зиёди Бег Зуҳуров дохил намоем…

Аз ҳама муҳим то ҳанӯз маълум нашудааст, ки Толиб Айёмбеков ва дигар қумандонҳои минтақавӣ дар куштори Абдулло Назаров даст доранд ё не? Илова ба ин, қатли мармузи қумандон Имумназар Имумназаров то ҳоло сару садои гуногун дорад. Вазири мудофиа дар сӯҳбатҳои худ ин кушторро ба афроди наздик ба худи Имумназаров марбут донистааст, дар ҳоле, ки ҷонибдорони ӯ назари дигар доранд. Назарҳое ҳам гуфта шуд, ки ин куштор ё ба ҳамонҳое рабт дорад, ки ба Имум 7 миллион доллар барои тарҳи инқилоб ваъда дода буданду ӯ онҳоро «фурӯхт», ё ба қочоқбарони афғон, ки Имум гӯё аз онҳо қарздор будааст.

Талаби истеъфои раиси ВМКБ чанд маротиба дар Хоруг садо дода буд. Ҳоло акнун бадахшониҳо талаб доранд, ки на танҳо раиси вилоят ба истеъфо равад, балки номзадии раиси навро онҳо худашон пешбарӣ хоҳанд кард. Дар ин замина номи бисёриҳо, аз ҷумла, намояндаи Оғохон Ёдгор Файзов, муовини раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Муллопар Бандишоев, раиси ноҳияи Шуғнон Шодихон Ҷамшедов, вакили МН Мерган Шаҳбозов, вазири меҳнат Маҳмадамин Маҳмадаминов ба сифати номзадҳое ном бурда мешаванд, ки мардуми Бадахшон ба ҷои Қодири Қосим дар курсии раиси ВМКБ дидан мехоҳанд…

Бо ҳамин гуфта мешавад сафари 43-юми Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ осон иттифоқ намеафтад. Зеро пурсишу талабот дар ҷараёни ин сафар бамаротиб ҷиддитар аз ҳар сафари дигари президент ба ин минтақаро хоҳад дошт. Шояд аз ин ҷост, ки таърихи ин сафар аз як сана ба рӯзи дигар доим иваз шудааст. Акнун ба назар мерасад, ки президент бояд ба рухдодҳои ахири Хоруғ мавқеи сиёсии худро маълум намояд (чун дар ин бора то ҳанӯз чизе нагуфтааст) ва ҳам суботи минтақавиро таъмин намояд…

 Акнун гумон аст, ки танҳо бо кушодани чанд объекти нав, фиристодани корвони мошинҳои пурбор ба Бадахшон ва ифтихор бо ин ки раҳбарони замони шӯравӣ аз соли 1959 то 1989 ҳамагӣ се бор ба ВМКБ сафар кардаанду ҷаноби Раҳмон таи 21 сол 42 сафар ба ин минтақа доштаасту 1276 иншооти гуногунро ба истифода додааст…

Ба иттилои мақомот, барои мулоқоти президент бо мардум дар баробари намояндагони идораҳои ҳукуматӣ ҳамчунин 40 нафарӣ аз маҳаллаҳои шаҳр даъват шудаанд. Сокинон интизор доранд, ки дар дидору гуфтугӯ бо шахси аввали ҷумҳурӣ сӯҳбати ошкоре ҷараён бигирад. Аммо тавре «Озодӣ» менависад мақомоти вилоятӣ аз меҳмонони даъватӣ хоҳиш кардаанд, ки дар ҷараёни мулоқот аз  «аз шӯру ғавғо дар назди микрофон» худдорӣ кунанд.

Пас чӣ иттифоқе сурат мегирад, танҳо метавон тахмин зад. Зеро гумон аст, ки шабакаҳои телевизионӣ аз ҷараёни ин сафар ва мулоқотҳои президент пахши мустақим ва «бе қайчӣ» -ро кор бигиранд…

Раҷаби Мирзо,

раҳбари Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Бозтоб»