Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Мармӣ ва Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Эдуард Бирюковро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва барномаи ТРАСЕКА доир ба бунёди коридори нақлиётии Аврупо-Кавказ-Осиё баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси нави Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилиро доир ба муаррифии лоиҳаи “Шоҳроҳи намунавӣ” дар масири сараҳади Қирғизистон-Ҷиргатол-Рашт-Душанбе-Қурғонтеппа-Панҷи Поён-сарҳади Афғонистон мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон чанд таклифу пешниҳоди муфиди дигар ба миён гузошт. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷи Поён” як Маркази муосири логистикаи автомобилӣ бунёд карда шавад. Ҳамчунин иштироки васеътари Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ ва Барномаи ТРАСЕКА дар бунёди роҳҳои нав ва навсозии роҳҳои мавҷудаи автомобилии Тоҷикистон бо пайвастани онҳо бо шабакаҳои нақлиётии дигар кишварҳои минтақа мувофиқи матлаб дониста шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба раисии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА дар соли 2013 ва ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба рушди нақлиёти автомобилӣ ва имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки раисии Тоҷикситон дар ТРАСЕКА ва ҳамоиши бузурги соли 2013 ба ҳаллу фасли мушкилоти зиёди ин минтақа, аз ҷумла бартарафсозии монеаҳои сунъӣ эҷодшаванда мусоидати фаъол хоҳад кард.