Сафари кории президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ноҳия бо иштироки сарвари давлат филиали литсей-интернати касбии махсуси маъюбон ва як мактаб-интернати муҳташами ҷумҳуриявӣ барои 640 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа дастур дод, ки шароити таълиму ҳунаромӯзии литсей боз ҳам беҳтар карда шавад. Таъкид гардид, ки бо кӯтоҳ намудани муҳлати ҳунарҳои зудазхудшаванда шумораи умумии хатмкунандагони литсей афзун карда шавад.

Зимни боздид аз мактаб-интернати сеошёнаи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки он барои 640 нафар хонандагони ятиму бепарастон ва аз оилаҳои ба кумак ниёзманд аз тамоми гӯшаю канори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст.

Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон, ҳамчунин дорои ошхонаи зебою муҷаҳҳаз бо 180 ҷойи нишаст ва бинои дуошёнаи хобгоҳ мебошад. Хобгоҳи мактаб ҳоло дорои 450 ҷойи хоб буда, дар он тамоми шароити зисту истироҳат, дарстайёркунӣ ва ғайра муҳайё гардидааст.

Президенти кишвар дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳия бо намояндагони сершумори омӯзгорону хонандагон ва аҳли маорифи Рӯшон мулоқоти судманд анҷом дод. Зимни суханронӣ ва маҳфили пурсишу посухҳо сарвари давлат ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ барои таъмини рушди босуботи минбаъдаи Рӯшон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки роҳҳои дохилии маркази ноҳияи Рӯшон дар муҳлати кӯтоҳ пурра навсозӣ карда шаванд.

Тибқи дастури дигари президенти кишвар мушкили норасоии нерӯи барқ дар водии Бартанг дар солҳои наздик бо бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ бояд бартараф гардида, роҳҳояш навсозӣ шаванд.