Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз як баёния интишор намуд, ки дар он муалифони филми таҳқиромез нисбати Расули акрам (с) «Бегуноҳии мусалмонон» қотеъона маҳкум карда мешаванд.

Дар баёния зикр мегардад, ки шахсияти Паёмбар (с) волотарин арзиши исломӣ барои ҳар як мусалмон аст ва барои эҳтирому эътибор қоил шудан ба арзишҳои диниро санадҳои байналмиллалӣ ҳам таъкид кардаанд.

«Силсилаи ин гуна иқдому амалҳои тавҳиномез, бахусус нисбат ба арзишҳои исломиро доираҳое бо афкору назари маҳдуд тайи чанд сол аст, ки думбол мекунанд ва ғараз аз ин аъмол адами таҳаммули онҳо аз нуфузу густариши Ислом ва ба хотири ба вуҷуд овардани ваҳму ҳарос дар афкори ҷомеъаҳои мухталиф ва ҳушдор додани онҳо аз хатари ба ном исломист», - таъкид шудааст дар баёния.

Дар фарҷоми баёния гуфта мешавад, Шӯрои сиёсии ҲНИТ пахши ҳама гуна амалҳои иҳонатомезро нисбати шаъни Паёмбари бузургвори Ислом (с) хилофи арзишҳои умумибашарӣ шуморида, аз кишварҳои зидахл ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки аз як чунин амалҳои таҳқиромез ва барҳамзанандаи субот ҷилавгирӣ намуда, омилони ин аъмолро, сарфи назар аз пайрави дине будан ё набудан, ба ҷавобгарӣ бикашанд.