Нимаи аввали ҳафтаи равон муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки сафари И.Шувалов рӯзҳои 20-21-уми сентябр дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, Игор Шувалов ният дорад, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид кунад. Интизорӣ меравад, ки дар ҷараёни мулоқот масоили ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан баимзорасида миёни кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.

Зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамзамон атрофи барномаи сафари қарибулвуқӯъи президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки моҳи октябр дар назар аст, низ табодули афкор намуда, асноди барои ба имзо расидан дар ин сафар пешбинишударо мувофиқа месозанд.