Дар вохӯрӣ бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мустақиман тавассути шабакаҳои телевизион айни замон пахш шуда истодааст, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки дар Хоруғ афроди бонуфузе ҳастанд, ки қарзҳои пулии давлатро барнамегардонанд ва шояд дар ин айби президент ҳам бошад, зеро соли 2008 зимни сафар ба Хоруғ ӯ ба «Амонатбонк» супориш дода буд, ки баҳри рушди соҳибкорӣ ба онҳо маблағи пулӣ ҷудо намояд.

«Барои бекор намондан ман чанде аз онҳоро ба сохторҳои низомӣ ба кор таъин кардам, вале нагуфтаам, ки 400-500 ҳазор сомонӣ қарз гиреду онро барнагардонед», - изҳор дошт президент.

Ба гунаи мисол президент аз қарзи шаҳрванд Гулдарбоғова, ҳамсари бародари бузурги яке аз шахсони бонуфузи Бадахшон Ёдгор Мамадасламов ёдовар шуд, ки айни замон қарзи ӯ ба 700 ҳазор сомонӣ расидааст. Ӯ ҳамчунин қарзи писари Толиб Айёмбеков аз «Амонатбонк» дар ҳаҷми 565 ҳазор сомониро хотиррасон намуда, иброз дошт, ки айни замон аз «Амонатбонк» дар маҷмӯъ 1 млн. 265 ҳазор сомонӣ қарздорӣ мавҷуд аст ва агар ин маблағҳо баргардонида мешуданд, ҳозир 200 нафар тоҷирон соҳиби пулу ҷойи кор мегардиданд.

«Бо кадом асос онҳо қарзро барнамегардонанд? Охир ин пулҳои давлат аст ва пули давлат пули аҳолӣ мебошад. Ман ба он гунаҳкорам, ки барои ба тиҷорат машғул шудани онҳо ҷудо кардани маблағро супориш додам, вале нагуфтаам, ки онҳо ба қочоқи маводи мухаддир машғул шаванду ба ҷиноят даст зананд ва ғайриқонунӣ зиндагӣ кунанд», - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.