Рӯзи 17 сентябри соли 2013 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Исматулло Насрединов ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия доктор Ҳайнтс Фишер Эътимоднома супорид.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, баъди анҷоми маросим суҳбати Президент Ҳайнтс Фишер бо Сафири Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Мушовири Президенти Австрия оид ба корҳои сиёсӣ, Дабири кулл ва Мудири кулли Вазорати федералӣ оид ба корҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ, дурнамои муносибатҳо, инчунин атрофи авзои сиёсию иҷтимоии минтақа ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар намуданд.

Президенти Федералии Австрия доктор Ҳайнтс Фишер бо изҳори қаноатмандӣ таассуроти неки худро аз сафари расмиаш ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ва мулоқоти хосса бо Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.

Сафири Тоҷикистон Исматулло Насрединов дар навбати худ таъкид кард, ки барои густариши равобити неки миёни ду кишвари дӯст талош хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, инчунин дар ҳамин сана Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ Эътимоднома супорид.

Баъди супоридани эътимоднома сӯҳбати Амири Давлати Қатар бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва иқдомоти ҳарду ҷониб барои таҳким ва густариши ин ҳамкориҳо мавриди табодули назар қарор гирифтанд.

 Ҳамзамон, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба сатҳи баланди ҳамкориҳои Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, омодагии кишвари худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд байни ду давлат таъкид дошт.

 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ишора намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қатар дар таърихи ҳамкориҳои ду кишвари дӯст макони алоҳидаро дорост, ки бар дӯстӣ ва бародарии роҳбарони он асос меёбад.