Дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки дар робита ба масъалаи афви гумонбаршудагон ба куштори генерал Абдулло Назаров танҳо пас аз содир шудани ҳукми додгоҳ ҳарф мезанад.

Президент ваъда дод, ки «касоне, ки ба ҷиноят даст задаанду ихтиёран ба ҳукумат таслим мешаванд ва доир ба ҷиноятҳои содиркардаашон дар ҳайати гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорӣ маълумот дода, бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд».

Ба гуфтаи сарвари давлат, тӯли солҳои истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби президент ҳудуди 100 ҳазор нафар маҳкумшудагон мавриди афв қарор гирифтаанд, ки 2,5 ҳазор нафарашон сокинони Бадахшон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, президент аз ҷузъиёти ҳодисаи қатли генерал Назаровро маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, 20 тан бо автомашина пеши роҳи автомашинаи генерал Абдулло Назаровро мебанданд. Дар дохили автомашинаи генерал ҳамчунин се нафар муҳофизу ронанда низ ҳузур доштаанд. «Назаров ба берун омадани онҳо аз автомшина монеъ гардида, гуфтааст, ки худам бо онҳо гапзанон мекунам, аммо аз зарбу лати бераҳмонаи ҷинояткорон бо олоти оҳанин аз қафаси синаву сараш ҷароҳат бардошта, ба ҳалокат расидааст. Сипас ҷинояткорон аслиҳаи муҳофизонро кашида гирифта, онҳоро латукӯб ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд, - ҳикоят кард президент. – Чандин ҳафта ҷинояткоронро пинҳон намуда, ба дасти мақомот супурдани онҳоро рад карданд. Магар дар давлати ҳуқуқбунёд чунин амалкард равост?».

«Як сокини ноҳияи Панҷ, ки муддати зиёде барои содир намудани як қатор ҷиноёти вазнин таҳти пайгарди қонунии мақомот қарор дошт, соли 2010 як моҳ дар манзили Имомназар Имолмназаров ва боз якуним моҳи дигар дар шаҳри Хоруғ пинҳон шуда, бо қочоқи сангҳои қиматбаҳо ва маводи мухаддир машғул буд. Ӯ боздошт гардида, ояндаи наздик шумо дар телевизион ба иқрор  гуноҳ аз ҷониби ӯ, бо кӣ ҳамкорӣ кардану аз ҷониби кӣ пинҳон шуданашро шоҳид хоҳед буд», - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президент аз фаъолияти ғайриқаноатбахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ намуда, исрор кард, ки онҳо бояд мунтазам ба савганди худ содиқ буда, тафтишоти ҳодисаҳои ахиррро мунсифона анҷом диҳанд.