Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафар ба ВМКБ аз маркази нави маъмурии ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин шаҳрак бо ҳузури сарвари давлат бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии ноҳияи Шуғнон, бинои намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, бинои нави филиали Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва бинои филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни ифтитоҳи бинои филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Шуғнон зикр гардид, ки ин бонк танҳо дар соли равон ба 136 мизоҷ 1 миллиону 85 ҳазор сомонӣ қарз додааст. Пасандозҳои аҳолӣ дар он ба 1 миллиону 36 ҳазор сомонӣ мерасад, ки нишона аз болоравии боварию эътимоди мардум ба бонкҳои кишвар аст.

Ҳангоми ифтитоҳи филиали «Тоҷиксодиротбонк» бошад, аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳтистони Бадахшон ин бонк 9 филиал дорад, аз ҷумла 2 то дар шаҳри Хоруғ ва яктогӣ дар марказҳои дигар ноҳияҳои он. Дар 9 филиали Тоҷиксодиротбонк дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва маоши моҳонаи онҳо на кам аз 1000 сомонӣ мебошад. Танҳо дар филиали нави он дар ноҳияи Шуғнон 32 нафар ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки «Тоҷиксодиротбонк» ба 4650 нафар дар ин вилоят дар ҳаҷми умумии 17 миллиону 760 ҳазор сомонӣ қарз додааст. Пасандозҳои аҳолӣ бошад дар ин бонк 12 миллиону 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Тоҷиксодиротбонк Тоҷиддин Пиров уҳдадор шуд, ки дар арафаи Иди забони давлатӣ, ки рӯзи 5 октябр таҷлил мегардад, ба 1300 оилаи ниёзманди ноҳияи Шуғнон кумаки моддӣ расонда, ҳамчунин тӯйи хатнаи писарчаҳои чунин оилаҳоро дар фазои идонаи пуртантана ба роҳ мемонад.

Нимаи дуюми дирӯз Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба отряди сарҳадӣ ташриф оварда, ба сохтмони як зумра биноҳои нави он, аз ҷумла бинои маъмурӣ, маркази нави таълимӣ, ду бинои шашошёнаи истиқоматӣ бо 48 хона барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, майдончаи варзишӣ ва парки мошину техникаи низомӣ, оғоз бахшид ва таъкид дошт, ки ҳамаи ин биноҳо то моҳи ноябри соли 2013 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.

Бо иштироки сарвари давлат ҳамчунин татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ расман оғоз ёфт. Маблағи умумии ин лоиҳа 17 миллиону 222 ҳазор сомонӣ буда, дар марҳилаи аввали он бо харҷи наздики 9 миллион сомонӣ аз мавзеи Боғивдараи ноҳияи Шуғнон, ки дар масофаи 15 км қарор дорад, ба шаҳри Хоруғ оби ошомиданӣ оварда мешавад.

Дар идома бо иштироки президент дар шаҳри Хоруғ дар фазои тантанавӣ як корхонаи бузурги дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он наздики 200 нафар соҳиби кори доимӣ шуданд. Ин корхона аз ҷониби Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, асосан барои дӯхти либоси низомӣ ва кормандони сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, болопӯшҳои ҷойхоб ва дигар либосворӣ пешбинӣ шудааст.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ имрӯз пас аз вохӯрии ӯ бо фаъолони вилоят дар шаҳри Хоруғ ба итмом мерасад.