Дар ҳошияи сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷинояткории муташаккили гурӯҳӣ, баланд бардоштани омодагии касбии кормандони мақомоти давлатӣ, дуруст ҷо ба гузоштани кадрҳои роҳбарӣ ва вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ дар миёни мардум баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз камфаъолиятӣ ва хунукназарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бепринсипию муросокории судяҳо дар баррасии баъзе парвандаҳои ҷиноятӣ изҳори нигаронӣ кард. «Агар ҳамаи шумо вазифаҳои худро содиқона ва бо касбияти баланд саривақт иҷро мекардед, кор дар Хоруғ ба ин дараҷа намерасид», - таъкид дошт ӯ.

Барои беҳсозии вазъи кунунии шаҳри Хоруғ, таъмини волоияти қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ба бунёдкорию созандагӣ ва тарзи ҳаёти солим сафарбар намудани мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба роҳбарияти мақомоти дахлдор доир ба таълиму тарбияи касбии кормандон, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.